АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Дар Тоҷикистон дар панҷ рӯзи аввали соли нав дар водиҳо бориши борон ва дар кӯҳҳо барф дар назар аст

Январь 1, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар водиҳо борон борида, дар  доманакӯҳҳо бориши борон ва барф мубаддал гардида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад,  иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Вобаста ба ҳавои панҷ рӯзи аввали соли 2022 Ҷамила Байдуллоева   зикр намуд, ки тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, дар натиҷаи ҳаракат кардани сиклонҳо дар водиҳо асосан борон ва дар қисматҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст.

— 3-4 январ дар якчанд ноҳияҳои мамлакат бориши бошиддати борон пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар қисми зиёди водиҳо шабона 2+4 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво рӯзона аз сабаби ҳаракат кардани сиклонҳои ҷанубӣ боиси намнокшавӣ ва боридани борон гардад ҳам, аммо дар панҷ рӯзи аввал ҳаво 8+13 дараҷа гарм мешавад,-афзуд ӯ.

Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар ноҳияҳои баландкӯҳи ВМКБ ва дар қисматҳои шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд