«АЗ БЕРУН ХАЛАЛДОР МЕКУНАНД». ВКХ Русия суханҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад аз берун халалдор шавад. Дар ин бора дирӯз, 14 январ, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти соли гузашта иброз дошт.
«Кӯшишҳои зиёде аз берун барои халалдор кардани вазъ ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар дигар кишварҳои СААД вуҷуд доранд», — таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 10 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба манзури ҳифзи марзҳои ҷанубии ин созмон аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир шуданд. Сабти он дар YouTube дастрас аст.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ изҳори назар намуданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзиши террористон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 6000 ҷангҷӯ ба сар мебаранд. Илова бар ин, тазаккур доданд, ки дар Афғонистон ҷангҷӯёни ДОИШ* зиёд мешаванд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2021 ҳазорон нафар аз аъзои созмонҳои террористӣ аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд.
Дар робита ба ташаббуси Президенти Тоҷикистон 13 январ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки феълан механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои СААД таҳия мешаванд.
«Бо пешниҳоди шарикони тоҷики мо механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои ҷанубии СААД таҳия мешаванд», — гуфт Захарова зимни брифинги ҳафтаина.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина масъалаи баргузории тамринҳои муштарак бо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҳамчунин қарор аст, ба Тоҷикистон барои таҳкими қитъаҳои кӯҳии душворгузари марз бо Афғонистон кумак расонида шавад.
Ба гуфтаи Захарова, дар чаҳорчӯби ҳамёрӣ тавассути СААД, кишварҳои узв ҳамкории хадамоти махсусро барои ошкор ва безараргардонии ячейкаҳои террористии ифротгаро, ки талош доранд марзи Тоҷикистонро бо Афғонистон халалдор созанд, тақвият хоҳанд дод.
ДАР АКСҲО: ҷаласаи СААД, 10 январи соли 2022. Акс аз АМИТ «Ховар»/(скриншот)









Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






