Ба фаъолзанони шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуданд

Январь 24, 2022 16:39

ДУШАНБЕ, 24.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ имрӯз дар ҷамъомади занону бонувони фаъоли ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд.

Паёми Президенти мамлакат  дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии  ҷумҳурӣ, бунёди ҷомеаи дунявӣ  ва фароҳам овардани  зиндагии шоиста ба мардум нақши бориз дорад.

Муовини Раиси  шаҳри Душанбе дар идома иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори соҳаи кор бо занон ва оила дастур доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат зикр доштанд,  ки дар замони истиқлолият 11 ҳазору 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм карданд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Дар идомаи вохӯрӣ аз занону бонувони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри сулҳу суботи комил расанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои ниёгонамон тарбия намоянд.

Аҳли нишаст иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста,  онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои ироагардида дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаҳои соҳавии шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2022 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд