Ба фаъолзанони шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ имрӯз дар ҷамъомади занону бонувони фаъоли ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд.
Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, ҳамчун санади муҳим дар таҳкими сохти давлатдорӣ, таъмини субот, пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ, бунёди ҷомеаи дунявӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум нақши бориз дорад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар идома иброз дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми ваколатдори соҳаи кор бо занон ва оила дастур доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар замони истиқлолият 11 ҳазору 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм карданд.
Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.
Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз занону бонувони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри сулҳу суботи комил расанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои ниёгонамон тарбия намоянд.
Аҳли нишаст иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста, онро дар зиндагӣ ҳамчун роҳнамо истифода мебаранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои ироагардида дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаҳои соҳавии шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»











Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад






