Ба кормандони соҳаи тандурустии Душанбе нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат шарҳ дода шуданд

Январь 20, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 20.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тӯли солҳои истиқлоли комили миллӣ дар қатори дигар самтҳои  муҳим бахши тандурустӣ низ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хосса дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назарраси илмиву амалӣ соҳиб гардид. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҷамъомади кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, иттилоъ доданд аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе.

Дар идома мавсуф иброз дошт, ки маҳз ҳамин гуна дастурҳои  созандаи ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ буд, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумъа иброз намуданд, ки «рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад».

Ҷамъомади мазкур дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» доир гардида, дар кори он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ,  сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, директори Муассисаи давлатии телевизиони Душанбе Маъруфҷон Оқилов, мудири шуъбаи танзими анъана ва чашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов ва доираи васеи масъулини муассисаҳои тандурустии пойтахт иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар баробари таҳлили амиқи дастовардҳои 30-сола дар бахши тандурустӣ ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиҳои ҷойдошта дар соҳа изҳори назар намуда, баҳри ислоҳи он ба масъулин дастур ва супоришҳои мушаххас доданд. Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи тандурустӣ изҳор намуданд, ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ба кор ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки вобаста ба ин мавзӯъ гуфта шуд: «Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд. Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд. Таъкид месозам, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд».

Зикр шуд, ки дар баробари он ҳама кӯшишу талошҳо баҳри таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои болаёқат корҳои назаррасе амалӣ шудаанд, аммо ҳоло ҳам дар ин масир мушкилот вуҷуд доранд, ки баҳри ислоҳи саривақтии он бояд аз ин ҳам бештар талош варзид. Дар фарҷоми ҳамоиш ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва супоришҳои ироагардида дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаҳои соҳавии шаҳри Душанбе супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 АКСҲО аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе

Январь 20, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд