Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд
ВАҲДАТ, 12.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони Шӯрои занон баҳри шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади татбиқи амалии Паёми Сарвари давлат бо шумули коршиносону собиқадорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мақомоти иҷроия гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, ки имрӯзҳо дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр мулоқоту суҳбатҳо баргузор менамоянд.
Дар ҷамъомад раиси Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзоев изҳор дошт, ки «имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паёми Сарвари давлат қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён мебошад. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати таърихӣ буда, мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Хушбахтона, имрӯзҳо сокинону соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон дар партави Паёми Пешвои миллат дар корҳои созандагию бунёдкории ҳудуди ҷамоат фаъолона иштирок намуда, дар оянда барои бунёд намудани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ саҳми арзанда мегузоранд».
Дар ҳамоиш меҳмонон нисбат ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, бурдани тарзи ҳаёти солим ва риояи қоидаҳои санитарию тозагӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он сухан гуфтанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолии ҷамоат, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, ҳамзамон иброз намуданд, ки амалисозии ин ҳуҷҷати муҳимро вазифаи худ дониста, онро ҳамчун роҳнамои зиндагӣ истифода мебаранд.
АКСҲО аз Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






