Ба Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.
Дар кишвар бар зидди коронавирус бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.
То 20 январи соли равон беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 фоиз шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар шаҳрвандон, ки 63,1 фоизро дар бар мегирад, гирифтаанд.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.
Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузоранд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд






