БАРНОМАИ ФУЛБРАЙТ. Омӯзгорони тоҷик метавонанд дар мактабҳои Амрико таҷриба омӯзанд, дарс гӯянд, маҳораташонро такмил дода, ба хонандагону донишҷӯёни ИМА давлати худро муаррифӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорон аз Тоҷикистон имкон доранд дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи қабулкунанда ҷойгиранд, таҷриба омӯзанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ намуда, кишвари худро ба мактаббачагон ва донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Барои ин онҳо метавонанд дар озмун дар доираи барномаҳои Фулбрайт барои такмили маҳорати омӯзгорӣ барои солҳои 2022-2023 ширкат кунанд. Дар ин бора сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.
Fulbright Teaching Excellence and Achievement Program (FTEA) – ин барномаи (лоиҳаи) Бюрои барномаҳои таълимӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии ИМА мебошад, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалии тадқиқот ва табодул (IREX) амалӣ карда мешавад.
Барномаи FTEA ба муаллимони мактабҳои миёна аз дигар давлатҳо имконияти беназир барои ташаккули таҷриба дар фанҳои тахассусӣ, такмили малакаи омӯзгорӣ ва сайқал додани донишашонро дар бораи Иёлоти Муттаҳида фароҳам меорад.
Дар хабари Сафорат зикр мешавад, ки FTEA барномаи шашҳафтаинаи тахассусии бидуни унвон, бидуни кредит мебошад, ки аз семинарҳо оид ба усулҳои нави таълим, омӯзиши ба хонандагон нигаронидашуда, таълим дар асоси мазмуну мундариҷа, банақшагирии дарс ва технологияҳои таълимӣ иборат аст.
Иштирокчиён инчунин дар мактабҳои миёнаи ИМА, ки дар наздикии донишгоҳи мизбон ҷойгиранд, таҷрибаомӯзӣ мекунанд, то бо муаллимони амрикоӣ ҳамкорӣ кунанд ва кишвари худро ба донишҷӯёни ИМА муаррифӣ намоянд. Дар тӯли барнома рушди фарҳангӣ, роҳнамоӣ ва дастгирӣ ба иштирокчиён фароҳам оварда мешавад. Иштирокчиён баҳор ё тирамоҳи соли 2023, дар ду гурӯҳи иборат аз 80 нафар муаллим ба ИМА сафар хоҳанд кард.
Иштирокчиёни барномаи Fulbright, дар тӯли будубоши худ дар Иёлоти Муттаҳида дипломатияи мардумиро дар синфхонаҳо ва ҷомеаҳои Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ хоҳанд кард.
Дар иттилоия инчунин муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо нишон дода шудааст — 28 феврали соли 2022. Саволнома дар сомонаи https://fulbright.irex.org дастрас аст.
АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






