ЧЕМПИОНАТИ ФУТЗАЛИ CAFA-2022. Дастаи миллии Эрон мақоми худро дар садри ҷадвал устувор нигоҳ дошт
ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бозии сеюми худро анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рӯзи сеюми бозӣ дастаи мунтахаби Узбекистон рақиби дастаи Тоҷикистон буд. Вохӯрӣ бо ғалабаи боварибахши футзалчиёни Узбекистон — 8:1 анчом ёфт. Дар ҳайати дастаи миллии мо голи ягонаро Ҷонона Қурбонова зад.
Дастаи мунтахаби Эрон севвумин пирӯзии пайдарпай ба даст овард. Чемпиони феълии Осиё ин дафъа ба дарвозаи дастаи миллии Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад.
Баъди се даври бозӣ дастаи миллии Эрон бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот дилпурона пешсаф аст. Дастаи Узбекистон, ки 6 хол дорад, дар зинаи дуюм аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон якимтиёзӣ ба даст оварда, дар зинаҳои сеюм ва чаҳоруми ҷадвали мусобиқа ҷойгир шудаанд.
Имрӯз, 25 январ, даври дуюми чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз мешавад. Дар ин рӯз бозиҳои Эрон – Қирғизистон (15:00) ва Узбакистон – Тоҷикистон (18:00) баргузор мешаванд.
Аввалин мусобиқаи CAFA Championship оид ба футзал миёни дастаҳои занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад, ки дар он ҳар даста 6 бозӣ анҷом медиҳад. Дар доираи мусобиқа ҳамагӣ 12 бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






