ЧЕМПИОНАТИ ФУТЗАЛИ CAFA-2022. Дастаи занонаи Тоҷикистон барои медали биринҷӣ сабқат менамояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Даври чоруми чемпионати футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид. Дар ин мусобиқот довталабони аслии медали тилло- дастаҳои Эрон ва Узбекистон пирӯзии навбатӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври чорум аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Бо ҳамин натиҷа дастаи Эрон бар футзалбозони Қирғизистон пирӯз шуданд.
Дастаи мунтахаби Эрон, ки пайи ҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст овардааст, бо дувоздаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад ва дастаи миллии Узбекистон 9 имтиёз дорад. Дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон якимтиёзӣ доранд.
То анҷоми чемпионати CAFA-2022 ду бозии дигар боқӣ мондааст. Аллакай дар даври баъдӣ пешсафони ин мусобиқот дастаҳои Эрон ва Узбекистон бо ҳам вомехӯранд, ки дар он аввалин қаҳрамони Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ дар футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона муайян хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки аввалин чемпионати CAFA Futsal Championship миёни дастаҳои занона дар шаҳри Душанбе бо системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуда, ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар доираи мусобиқа дувоздаҳ бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 5-ум
27 январ (панҷшанбе)
15:00 – Эрон – Узбекистон
18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 6-ум
28 январ (ҷумъа)
15:00 – Узбекистон – Қирғизистон
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






