Дабири кулли СААД дар бораи он ки неруҳои посдори сулҳ дар Қазоқистон чӣ кор хоҳанд кард, изҳори назар намуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон иншооти стратегии давлатиро посбонӣ карда, ба таъмини тартибот мусоидат хоҳанд кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба РИА «Новости» дабири кулли созмон Станислав Зас изҳори назар кардааст.
«Агар дар бораи вазифаҳои ба зиммадоштаашон гӯем, онҳоро шартан ба ду вазифаи асосӣ тақсим кардан мумкин аст. Якум, ҳифзи иншооти муҳимтарини давлатӣ ва стратегӣ. Вазифаи дуюм — ин кумак расонидан ба ҳифзи қонуният ва тартибот аст, то ки одамон худро бехатар эҳсос кунанд», — гуфт Зас.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Он замон сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актауи вилояти Манғистау — минтақаи истихроҷи нафт дар ғарби ин кишвар барои ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ мухолифат карданд ва баъдан эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар Қазоқистон тӯли ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Президент Қосим-Жомарт Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо фиристода, Шӯрои амният ҷумҳуриро ба раҳбарӣ гирифт.
Ӯ ба СААД барои кумак «ҷиҳати рафъи хатари террористӣ» муроҷиат кард. Худи ҳамон шаб Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар робита ба муроҷиати Тоқаев тасмим гирифт, ки неруҳои дастҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистон фиристода шаванд. Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, Москва рӯйдодҳои Қазоқистонро кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат мешуморад.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дирӯз, 6 январ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифт. Зимни суҳбат Сарвари Қазоқистон ба ҳамтои тоҷики худ дар бораи вазъ дар кишвар ва тадбирҳои аз ҷониби раҳбарият андешидашуда барои ба эътидол овардани он маълумот дод.
Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон омодагии ҷумҳуриро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи уҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуданд.
АКС: AFP 2021








Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид






