Дар Душанбе дузди терминалҳои пардохтӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе кормандони мақомоти милитсия мардеро, ки ба дуздии терминалҳои пардохтӣ машғул буд, дастгир намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд.
Мавсуф моҳи январи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гурӯҳ», воқеъ дар кӯчаҳои С.Осиё, С.Носир, М.Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо истифода аз калид онҳоро кушода, аз дохилаш маблағҳои пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 240 ҳазору 980 сомониро ташкил медиҳад
Зикр карда шуд, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур корҳои тафтишӣ идома доранд.
АКС аз ВКД ҶТ








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






