Дар Душанбе ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 5 январ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Аз ҷумла, Муҳаммад Баротов-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Шаҳзод Назиров-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Муҳаммадҷон Ҳокимиён-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 109 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IOI-2021” аз фанни технологияи иттилоотӣ, Шамс Давлатбеков-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 77 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IBO-2021” аз фанни биология, Вазирҷон Пиров-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика, Ҷамшед Рустамов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика ва Усмоналӣ Паҳлавонов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки хонандагони мазкур – Шаҳзод Назиров дар панҷ соли охир дар 4 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни химия иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Муҳаммадҷон Ҳокимиён дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, Шамс Давлатбеков дар панҷ соли охир дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори 4 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ, Вазирҷон Пиров дар панҷ соли охир дар 9 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, Ҷамшед Рустамов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ва Усмоналӣ Паҳлавонов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд.
Инчунин, ба роҳбарияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, филиалаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ”, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас, рушди ҳаракати олимпӣ ва ишғол намудани ҷойҳои сазовор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо “Сипоснома” ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Туҳфаҳоро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар фазои тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаҳо ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ тақдим намуд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






