Дар Душанбе соли 2022 «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шуд

Январь 7, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 7.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ин тасмим 6 январ зимни машварати фаврӣ-хизматии мақомоти милитсияи пойтахт оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти милитсияи шаҳри Душанбе дар соли 2021 гирифта шуд.

Бо назардошти дар давраи соли 2021 дар ҳудуди кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар рух додани 242 садамаи нақлиётӣ, ки дар натиҷа 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд (гарчанде омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад), дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз садаманокӣ роҳу усулҳои навӣ корбарӣ дар соли 2022 таҳия ва амалӣ карда мешавад.

Бо назардошти вазъи мазкур ва Соли танзим ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эълон гардидани соли 2022 дар мақомоти милитсияи пойтахт Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ риоя намуда, сабабгори садаманокӣ ва марги дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ нагарданд. Зеро риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои ҳама, сарфи назар аз вазифаву мансаб ва ниҳод ҳатмӣ буда, кафолати рӯзгори хушу саломатии бардавом ва бесаробон намондани оилаву фарзандон мебошад.

АКСҲО аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Январь 7, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд