Дар Исфара ҷашни Сада — мужда аз оғози корҳои кишоварзиро бошукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид». Чунин изҳори назар намуд Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни таҷлили ҷашни Сада ва намоиши техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез дар ноҳияи мазкур.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангии маркази шаҳр, ки идгоҳи асосӣ буд, техникаи кишоварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо, сабзавоту меваҳои шаҳдрез ва тухмии зироат ба намоиш гузошта шуданд, ки ифодагари омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор мебошанд.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.
Зикр карда шуд, ки маҳсули ҳунарҳои мардумии ба намоиш гузошташудаи намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ аз завқи баланд, маҳорати беназир ва таърихи бойи косибиву ҳунармандӣ дар Исфара дарак медод.
Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буда, бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд, аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ мебошанд.
Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли бо ҳам ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва деҳот дар як ҷо ва бо оташафрӯзии бузургу суруру шодмонӣ баргузор мегардад.
Зимни таҷлили ҷашни Сада дар вазъияти тантанавӣ ба беҳтарин кишоварзону боғпарварон ва чорводорони шаҳру деҳоти Исфара Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар анҷом барномаи фарҳангии пурмӯҳтаво пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС аз МИҲД н.Исфара








МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






