Дар Ҳисор оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд

Январь 8, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 8.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор 874 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин нукта 7 январ зимни баргузории ҷаласа оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баён шуд, иттилоъ доданд аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи мазкур раиси кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода,  кормандони гуногункасб, аҳли ҷомеа ва ҷавонони фаъоли шаҳр ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки Паёми навбатии  Сарвари давлат дар соли ҷашни бузурги миллӣ-  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуд.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додани ҷабҳаи бузурги созандагию бунёдкорӣ нишонаи он аст, ки мо тавонем бо азму иродаи мардуми шариф Ватани маҳбубамонро ободу зебо гардонем.

Бо ибрози Пешвои миллат, «мо бояд дар панҷ соли оянда тамоми захираву имконият ва саъю талоши худро ба хотири рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлол, ободии Ватани маҳбубамон ва истиқболи арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ сафарбар намоем».

Тавре зикр гардид, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми бонувон дар мамлакат боло рафта, онҳо дар ҳамаи соҳаҳо онҳо дар баробари мардон фаъолияти созгорро ба манфиати ҷомеа анҷом дода истодаанд.

Дар Паём Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафари дигар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

«Мо азм дорем, ки дастуру супоришҳои навбатии Пешвои миллатро дар хусуси омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи фаъолият қарор дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашниро дар муҳлати то шаш моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоем», зикр намуд Раиси шаҳри Ҳисор.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки беш аз ҳар вақти дигар ба қадри сулҳу суботи комил расанд ва фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои волои ниёгонамон тарбия намоянд.

АКСҲО аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

Январь 8, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад