Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, раиси ноҳияи Рашт Раҳим Муқимӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш раиси ноҳия ҷавононро аз ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Рашт хайрамақдам гуфта, дастгирии давлат ва Ҳукумати кишварро нисбат ба насли наврасу ҷавони минтақа таъкид намуд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон бениҳоят зиёд буда, маҳз бо ташаббуси пайваста ва иқдомҳову ҳавасмандиҳои наҷибашон имрӯз сафи гирандагони стипендияҳои президентӣ ба 3000 нафар расидааст.
Зикр гардид, ки наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад.
Дар фарҷом ба гирандагони стипендияи президентӣ дар соли хониши 2021-2022 аз минтақаи Рашт шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






