Дар Левакант оид ба иҷрои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рейд гузарониданд
ДУШАНБЕ, 21.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ки ба ин ҳайати котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндаи ШВКД дар шаҳр дар самти ноболиғон, намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим шомил гардидаанд, дар шаҳри Левакант рейди муштарак гузарониданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, рейди мазкур вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба ҷинояту қонуншиканӣ даст задан, оворагардию шабгардӣ, пешгирии бемории коронавирус дар бозори марказии шаҳр, марказҳои дилхушӣ, марказҳои бозиҳои компютерӣ, дӯконҳои фурӯши фитта ва мағозаҳо гузаронида шуд.
Зимни гузаронидани рейд аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо ноболиғон, занон ва ҷавонон ҷиҳати пешгирии ҳамаи омилҳои номатлуб маслиҳатҳои муфид дода шуда, намояндагони сохторҳо шаҳрвандонро даъват намуданд, ки бетарафиро ихтиёр накарда, моҳият ва уҳдадории тамоми қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк намуда, аз рӯи онҳо амал намоянд.
АКСҲО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ










ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид






