Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Январь 8, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 08.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, сардори шуъбаи мазкур Баҳодур Холиқзода ва ҳайати шахсӣ ҷиҳати расонидани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ  доир гардид.

Тавре  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, гуфт, ки “вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Зимни мулоқот зикр гардид, ки  мо дар якҷоягӣ метавонем барои ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузорем.

АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Январь 8, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе