Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд

Январь 4, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 4.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои аввали соли нави мелодӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт якчанд иншоот ба истифода супорида шуданд, ки ба таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бинои маркази маъмурӣ ва хизматрасонии 9-ошёна, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, 48 а-и ноҳияи Фирдавсиро мавриди истифода қарор доданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Хако Интер Прайз» буда, дар ошёнаи якуми бино толори фурӯши мошинҳои Шкода ҷойгир карда шудааст. Мошинҳои ин толор бо нархи дастрас аз Федератсияи Русия ворид карда мешаванд.

Ҳамчунин бинои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино масоҳати 17600 метри мураббаъро дар бар гирифта, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Закия» маҳсуб меёбад. Иншооти мазкур дар доираи нишондоди лоиҳаи он бунёд шуда, дар бунёди он масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода шудааст.

Ин биноҳои истиқоматӣ дар доираи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди истиқомат баҳри сокинон бунёд шудаанд.

Дар кӯчаи соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ низ аз ҷониби ҶДММ «Нури Шамс» бинои бисёрошёна бунёд шудааст. Масоҳати умумии бино 28 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар гирифта, он бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳ дар таҳхона сохта шуда, тамоми шароити зарурӣ барои истиқомати сокинон фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якуми бино қисми оташнишонии Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар кучаи Фучик, 25 мағозаи фурӯши лавозимоти сохтмонӣ ва техникаҳои замонавӣ аз ҷониби ҶДММ «Асбоб» ба фаъолият оғоз кард. Мағозаи мазкур дар доираи дастгирии соҳаи соҳибкорӣ бо шароити замонавӣ ба истифода дода шуда, молҳои ин мағоза бо сифати туркӣ истеҳсол ва ворид мегарданд. Дар мағозаи мазкур 10 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати умумии ин мағоза 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, соҳибкори ватанӣ нақша дорад дар оянда шумораи чунин мағозаҳоро бештар намояд. Ба ин восита дар таъмини ҷойҳои нави кор саҳм гузошта, ба сокинон молҳои хушсифат дастрас намояд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 4, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид