Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 ҷиҳати шарҳу тавзеҳ додани муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сумангул Тағойзода, Насиба Содиқӣ, инчунин вакилони маҳаллии шаҳриву ноҳиявӣ вохӯрӣ доир намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода иброз дошт, ки «Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд, мо, омӯзгорон, волидайн, фаъолони кишварро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои муассир андешем».
Вакили Маҷлиси намояндагон Сумангул Тағойзода гуфт “Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ бо овардани далелҳои равшан зикр намуданд, ки маориф ва сармоягузории неруи инсонӣ, самтҳои ниҳоят муҳим дар инкишофи мамлакат арзёбӣ мешавад”.
«Cарвари давлат ба сифати таҳсил дар тамоми низоми маорифи мамлакат таваҷчуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ин раванд, шурӯъ аз боғчаи кӯдакон то макотиби олии кишвар тақвият бахшида шавад», — афзуд Сумангул Тағойзода.
Вакили Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола бори дигар таъкид карданд, ки «Ман дар сиёсати иҷтимоии кишвар маорифро дар ҷои аввал мегузорам».
Номбурда ёдовар шуд, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода, вакилони ноҳиявӣ Назокат Буриева ва Сарвиноз Суярева дар мавзӯи мавриди назар изҳори назар карданд.








Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид






