ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Имрӯз дар Душанбе 8 адад электромобил ба истифода дода шуданд

Январь 10, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 10.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бори аввал дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати «Як таксӣ»  8 адад электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada мавриди истифода қарор дода шуда, дар назар аст  рӯзҳои наздик 100 адад мошини дигар вориди пойтахт гарданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Нақлиёти мазкур аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи қувваи барқ дар муқоиса бо воситаҳои нақлиётие, ки дигар намуди сӯзишвориро истифода менамоянд, бартарӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар як сол хароҷоти истифодаи қувваи барқ дар электробус ва электромобилҳо 27,5 фоизи хароҷоти нақлиёти бо дигар намуди сӯзишвориҳо фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.

Хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо дигар намуди сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтарин талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр, интиқолдиҳии бемамониат сатҳи пасти садо ва сафари бароҳатро барои мусофирон муҳайё менамояд.

Дар ин рӯз 8 адад воситаҳои нақлиёти мазкур дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Зимни ба истифода додани электромобилҳо  муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияти ширкати «Як таксӣ», намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе талаботи навро нисбат ба тамомои соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ пеш оварда, имкон медиҳад, ки дар оянда ҷиҳати бештар намудани вазъи соҳа ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва Барномаи давлатии «Шаҳри сабз» тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, иброз доштанд, ки «имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсафи сайёра мебошад. Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалияти рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад».

Ҳамчунин дар Паёми худ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

«Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд», таъкид намуданд Пешвои миллат.

Зикр шуд, ки масъалаи хизматрасонии нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардида, зери назари Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Директори ширкати «Як таксӣ» Исматулло Ҳакимов зикр намуд, ки нақлиёти барқии муосир дар мисоли электробус ва электромобилҳо аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар буда, истифодаи он ҳамчун нақлиёти экологӣ, аз ҷумла, набудани партови зараровар  ба атмосфера муфиду эътимодбахш арзёбӣ гардидааст.

Хароҷоти умумии солона барои нигаҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти барқӣ нисбат ба хароҷоти солонаи нақлиёти бо сӯзишвории дигар ҳаракаткунанда дар умум дар як сол ба 32,1 фоиз баробар мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, кишварҳои дорои захираҳои бойи дорои нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир мекунанд.

Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.

Тибқи малумоти Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони нақлиёти Аврупо, соли 2020 кишварҳои узви Аврупо истеҳсол ва фурӯши нақлиёти дорои муҳаррики алтернативии электромобил ва гибритро  нисбат ба соли 2019 дар маҷмӯъ 37,6 фоиз зиёд намудаанд. Дар ин самт кишварҳои Норвегия, Олмон, Шветсия, Британияи Кабир, Фаронса ва Ҳоланд пешсафанд.

Ин давлатҳо тасмим гирифтаанд, ки то соли 2025 аз истифодаи воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз пурра даст кашанд.

Роҳбари лоиҳаи электромобил дар ширкати «Як таксӣ» Нозир Холов иброз дошт, ки ширкати «Як таксӣ» тасмим дорад дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли нақлиёти электромобилро дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.

Ба зикри мавсуф, масоили гармшавии иқлим водор мекунад, ки кишварҳо рӯ ба  манбаъҳои алтернативии нақлиёт биёранд. Электромобилҳо нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза буда, партови газҳои гулхонаӣ надоранд.

«Роҳандозии электромобил ҳамчун яке аз самтҳои стратегӣ барои ноил гардидан ба ду масъалаи барои давлату мардуми мамлакатамон ниҳоят муҳим-  аввалан, коҳиш додани вобастагии мамлакат аз як қатор маҳсулоти воридотӣ ва таҳкими заминаҳои таъмини афзоиши иқтисодиёт ва дуюм, дар ин замина таҳкиму устувории истиқлолияти ҷумҳурӣ аҳамияти хосса дорад», илова намуд ӯ.

Мавриди зикр аст, ки ширкати «Як таксӣ» соли 2018 таъсис ёфта, фаъолияти худро дар самти хизматрасонии мусофиркашонӣ ба роҳ монда, дар тӯли фаъолияти худ тавонист зиёда аз як миллион сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо бо хизматрасонии босифати мусофиркашонӣ таъмин намояд, ки он ба талаботи баланди сатҳу сифати хизматрасонӣ ҷавобгӯ  бошад.

Ба ибрози директори ширкат, аз соли 2020 инҷониб ширкати «Як таксӣ» лоиҳаи электромобилро роҳандозӣ намуда, баъди таҳлилҳои омории бозоршиносӣ тасмим гирифт, ки якумин бор чунин навъи хизматрасониро бо истифода  аз воситаҳои нақлиёти қувваи муҳаррикашон электрикӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Аз 1 август дар Душанбе намоиш- фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз мегардад
Пагоҳ иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад