Дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ситораҳои фавқулнав таҳқиқ гардиданд

Январь 19, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 19.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох 384 соат мушоҳидаҳои ситораҳои фавқулнав гузаронида шуда, 6 ҳазор тасвирҳои рақамӣ коркард гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Институти астрофизикаи АМИТ тайи ду сол аст, ки ба таҳқиқи ситораҳои фавқулнав машғул буда, он дар ҳамкорӣ бо Расадхонаи астрофизикии Қрим ба роҳ монда шудааст,

Бояд зикр кард, ки мушоҳидаи ситораҳо дар расадхонаи Санглох дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шуд ва барои чунин мушоҳидаҳои фаъол расадхона ба барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network), ки аз тарафи Расадхонаи миллии астрономии Ҷопон ташкил шудаст, ворид гардид. Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқи ҷараёнҳо вобаста ба таркиши ситораҳои нав ҷиддӣ буда, дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.

Ногуфта намонад, ки дар чунин соҳа мутафаккири бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурдааст ва ӯ барангезиши ситораи фавқулнавро (SN1006) дар китоби «Ал-Шифо» тасвир карда, далелҳои онро тавсиф кардааст. Имрӯзҳо ин ситора бо номи SN (super nova) 1006 ба қайд гирифта шуда, тавсифи амиқ оид ба ситораи нав саҳми бузурги Абуалӣ ибни Синоро дар ҷодаи илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.

Ҳамаи ин таҳқиқот тавассути иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, хусусан дар чорчӯбаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушду тафаккури ҷавонон аҳамияти калон доранд. Натиҷаҳои ба даст омада барои олимон ва донишҷӯёни фанҳои риёзӣ хеле зарур мебошанд.

АКС аз АМИТ

Январь 19, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд