Дар шаҳри Бохтар аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Дар ин тадбири экологӣ кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, соҳили ҷӯи «Хонум» ва «Ҷӯйбор»-ро, ки аз маркази шаҳр мегузаранд, аз партов тоза намуданд.
Дар соли сипаригардида тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар дар маркази вилояти Хатлон 36 маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии сохил» бо иштироки доираи васеи сокинон гузаронида шуданд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зист








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






