Дар СММ барои кумак ба афғонҳо дар соли 2022 5 млрд доллар дархост карда шуд

Январь 11, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. СММ ва шариконаш рӯзи сешанбе тарҳи кумак ба 28 миллион нафар афғон — 22 миллион дар дохили Афғонистон ва 5,7 миллион паноҳандаи афғонро, ки дар панҷ кишвари минтақа паноҳ ёфтаанд, муаррифӣ намуданд. Барои эҳтиёҷоти онҳо дар соли 2022 маблағи ҳангуфт ба миқдори 4,44 млрд доллар зарур меояд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти созмони умумиҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Иқтисоди Афғонистон «дар ҳолати таназзули озод» қарор дошта, хатари ҳамаи аҳолиро ба гирдоби худ кашидан пеш омадааст. Ба 23 млн нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад, беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон музди меҳнат намегиранд, миллионҳо кӯдакон аз имконияти таҳсил маҳруманд- ин гуна аст вазъият дар Афғонистони имрӯза.

Арзиши гандум ва сӯзишворӣ 40 фисад боло рафтааст, дар ҳоле ки 80 фоизи буҷаи оилаи афғон барои ғизо сарф мешавад. Аз сабабе, ки  кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад.

Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад — 97 фисади аҳолӣ ба қашшоқӣ мувоҷеҳ хоҳанд гашт. Дар тӯли сол Афғонистон метавонад 30 дарсади ММД-ро аз даст диҳад ва бекорӣ миёни мардон ду маротиба боло рафта, ба 29 фоиз мерасад.

«Ман боисрор хоҳиш мекунам: дарро ба рӯи мардуми Афғонистон напӯшонед, — гуфт ҳамоҳангсози кумакҳои фавқулодаи СММ Мартин Гриффитс зимни муаррифии нақшаи башардӯстӣ.- Шарикони башардӯст дар маконҳо новобаста ба душвориҳо кумак мерасонанд. Моро дастгирӣ намоед, ба зиёд кардани таъминот кумак кунед ва  гуруснагии васеъ, паҳншавии беморӣ, бемадорӣ ва дар ниҳоят маргро пешгирӣ кунед».

 

ДАР АКС: афғонҳое, ки хонаҳои худро тарк кардаву маҷбуранд дар шароити сангин зинда монанд. Бидуни кумакҳои байналмилалӣ зимистонро паси сар намудани бештари онҳо мушкил хоҳад буд. Акс  СКО СММ/Э.МакКоннел

Январь 11, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд