Дар Суғд аксияи «Тозагии соҳил» гузарониданд

Январь 4, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Томчисой, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аксия бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 26, 11, аҳолии ҷамоати деҳот, дар маҷмӯъ бо иштироки 100 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сойи мазкур аз партовҳо тоза ва 3 метри мукааб партов ба партовгоҳ бароварда шуданд.

Инчунин бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии муҳити атроф дар роҳи асосии шоҳроҳи Хуҷанд- Ашт- Бобоҷон Ғафуров  аксияи «Тозагии роҳ» доир гардид, ки дар он 90 нафар аҳолии ҷамоат фаъолона иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни баргузории аксия қад-қади роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 м3 партов ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд.

Зикр шуд, ки бо ҷалби васеи кормандони ниҳодҳои мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегарданд, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар  маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд  аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Дар аксия 350  нафар хонандагони Литсейи касбӣ-политехникӣ, Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи тиббӣ иштирок намуда, канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм аз ҳама гуна партовҳои гуногун тоза карда шуданд.

Гузаронидани чунин аксияҳои  тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд  низ мунтазам амалӣ мегардад.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ

Январь 4, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд