Дар Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Январь 10, 2022 13:14

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 10 январ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни оғози ҳамоиш Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд».

Дар  ҷамъомад иброз гардид, ки таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳиму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардидаанд ва аз кормандон донишу малакаи пухтаи касбӣ ва масъулияти баланд тақозо мекунанд.

Таҳлили кори Раёсати Агентӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки кормандони он вазифаҳои худро иҷро менамоянд, дар фаъолияти худ қонуниятро риоя карда, барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт тамоми тадбирҳоро меандешанд.

«Боварии комил дорам, ки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар оянда низ ҷиҳати татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувва, маҳорат ва малакаи касбии худро ҳаматарафа баҳри бунёди давлати демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ ба кор мебаранд»,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Ҳамзамон ба як гурӯҳ фаъолони раёсат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 10, 2022 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд