Дар «Тебалай», «Шураксой» ва «Девонасой»-и Кӯлоб корҳои мустаҳкамкунию барқарорсозӣ бомаром ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои соҳилтозакунӣ дар сойҳои «Тебалай», «Шураксой» ва «Девонасой»-и шаҳри Кӯлоб айни замон мувофиқи лоиҳа пурра иҷро гардида, бетонрезӣ ва васлу насби оҳану бетонӣ босуръат идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Ҳамасола бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳои осебпазир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута корҳои мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ гузаронида мешаванд.
Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии сойҳои «Тебалай», «Шураксой», «Девонасой, қитъаи №1 ва №2»-и шаҳри Кӯлоб 15 январ директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Саъдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби роҳбарияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои сохтмону соҳилмустаҳкамкунӣ ба муттасаддиёну сохтмончиён супоришҳои мушаххас дода шуд.
Итиллоъ дода шуд, ки то имрӯз дар сойи «Тебалай» корҳои бетонрезӣ бо дарозии 310 метр андозаи 2*20,6 см ва 2 адад бараж, дар сойи «Шураксой» бетонрезии пул бо дарозии 6*2,5см, таҳкурсӣ ва деворҳои қубур, инчунин корҳои новарезӣ ба дарозии 400 метр бо андозаи 6*3*2 пурра иҷро гардида, корҳо бо маром идома доранд.
Мувофиқи лоиҳа дар сойи «Девонасой, қитъаи №1» корҳои тозакунӣ, оҳану бетонӣ, новаҳо бо дарозии 220 метр бо андозаи 6*3*2 метр ва дар сойи «Девонасой, қитъаи №2» шинонидани новаҳо бо дарозии 230 метр ба андозаи 6*5*3 метр пурра ба итмом расидаанд.
Масъулини корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тасмим доранд, ки нақшаву супоришҳои ба зимма доштаашонро то давраи муайяншуда ба анҷом расонанд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб










Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон






