Дар «Тебалай», «Шураксой» ва «Девонасой»-и Кӯлоб корҳои мустаҳкамкунию барқарорсозӣ бомаром ҷараён доранд

Январь 17, 2022 16:57

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Корҳои соҳилтозакунӣ дар сойҳои «Тебалай», «Шураксой» ва «Девонасой»-и шаҳри Кӯлоб айни замон мувофиқи лоиҳа пурра иҷро гардида, бетонрезӣ ва васлу насби оҳану бетонӣ босуръат идома доранд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Ҳамасола бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳои осебпазир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута корҳои мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии сойҳои «Тебалай», «Шураксой», «Девонасой, қитъаи №1 ва №2»-и шаҳри Кӯлоб 15 январ директори  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Саъдуллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул  дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби роҳбарияти Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои сохтмону соҳилмустаҳкамкунӣ ба муттасаддиёну сохтмончиён супоришҳои мушаххас дода шуд.

Итиллоъ дода шуд, ки то имрӯз дар сойи «Тебалай» корҳои  бетонрезӣ бо дарозии 310 метр андозаи 2*20,6 см ва 2 адад бараж, дар сойи «Шураксой» бетонрезии пул бо дарозии 6*2,5см, таҳкурсӣ ва деворҳои қубур, инчунин корҳои новарезӣ ба дарозии 400 метр бо андозаи 6*3*2  пурра иҷро гардида, корҳо бо маром идома доранд.

Мувофиқи лоиҳа дар сойи «Девонасой, қитъаи №1» корҳои тозакунӣ, оҳану бетонӣ, новаҳо бо дарозии 220 метр бо андозаи 6*3*2 метр ва дар сойи «Девонасой, қитъаи №2» шинонидани новаҳо бо дарозии 230 метр ба андозаи 6*5*3 метр пурра ба итмом расидаанд.

Масъулини корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тасмим доранд, ки нақшаву супоришҳои ба зимма доштаашонро то давраи муайяншуда ба анҷом расонанд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 17, 2022 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст