Дар Тоҷикистон маъракаи қабули эъломияи андоз оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи қабули эъломияи андоз барои соли 2021-ро оғоз кардааст. Бар асоси қонун, хизматчиёни давлатии мамлакат, ки имрӯз ҳудуди 20 ҳазор нафаранд, вазифадоранд ҳамасола то аввали моҳи апрел дар бораи даромади солона ва манбаи аслии худ ба мақомоти андоз ҳисобот диҳанд.
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 17 сол пеш пешниҳод намудани эъломияи даромади худро шурӯъ намуданд. Қаблан дар эъломияи вазъи амвол ба ғайр аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо онҳо бояд саршумори чорво, паранда, пасандоз, металлу сангҳои қиматбаҳоро низ нишон медоданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 24 июли соли 2020 шаклҳои нави эъломияи даромад ва амволи хизматчиёни давлатиро қабул намуда, онҳоро вазифадор кард, ки даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амвол ва замини ба иҷора додашуда, даромад аз қитъаи наздиҳавлигӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнокро нишон диҳанд.
Барои осон намудани пешниҳоди эъломия Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш барномаи махсуси компютерӣ таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки он имкон медиҳад эъломияҳо ба таври электронӣ пешниҳод шаванд.
Дар сомонаи расмии кумита andoz.tj «Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда» мавҷуд аст, ки тартиби пешниҳоди эъломияи даромади хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро осон мекунад. Инчунин ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ҳамин захираи интернетӣ сабти ном шудаанд, метавонанд аз ин манбаи иттилоотӣ тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ ва бевосита ба Кумитаи андоз супоранд.
Дар Кумита хотиррасон намуданд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва инчунин шаҳрвандони мамлакат, ки хизмати давлатӣ маҳсуб мешаванд, бояд ин қоидаҳоро риоя кунанд. Сабаби аз хизмати давлатӣ озод кардан ё рад кардани қабул ба хизмати давлатӣ метавонад дар эъломияи пешниҳодшуда нодурустии маълумот ё ба мақоми андоз пешниҳод нашудани эъломияи даромад бошад.
АКСҲО: Тоҳир Саидов/АМИТ «Ховар»









Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст






