Дар Вазорати нақлиёт озмунҳои соҳавӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон озмунҳои соҳавӣ — «Беҳтарин Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» ва «Беҳтарин ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд. Дар озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» МДНРА-и ноҳияи Восеъ ва дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» МДНРА-и ноҳияи Ёвон ҷои аввалро соҳиб гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур.
Дар озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» ҷои дуюм насисби МДНРА-и шаҳри Конибодом гардида, МДНРА — минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон ба гирифтани мақоми сеюм сазовор гашт. Дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» ҷои дуюмро МДНРА – и ноҳияи Рўдакӣ ва мақоми сеюмро МДНРА-и шаҳри Турсунзода сазовор шуданд.
Ҳамчунин барои ҳамкории густурда ва саҳми аразанда гузоштан дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ аз номи роҳбарияти Вазорати нақлиёт ба расиони ноҳияҳои Ёвону Рудакӣ ва шаҳри Турсунзода «Сипоснома» супорида шуд.
Мукофотҳоро ба ғолибони озмун сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ва Вазири нақлиёт Азим Иброҳим тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем ки озмунҳои мазкур моҳи августи соли 2021 бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамкории густурда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, аз рўи шартҳои зерин: иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, суратҳисоби махсус, сатҳу сифати кадрҳо, намои биноҳою утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, шароити кормандон, омодагӣ ба мавсими зимистон, истифодаи мақсадноки техникаи роҳнигоҳдорӣ аз ҷониби комиссияи озмун, ки бо фармоиши вазири нақлиёт тасдиқ шуда буд, баҳогузорӣ карда шуданд.
АКС аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






