Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омодагӣ бо дастаи миллии Гурҷистон, ки ҳафтаи оянда дар Чемпионати Аврупо-2022 дар футзал оғоз мешавад, ду бозии дӯстона анҷом дод, ки дар гурӯҳи D рақибони он дастаҳои Испания, Озарбойҷон ва Босния ва Ҳерсеговина мебошанд.
Бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон 15-16 январ дар Тифлис баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон – 6:2 ва 10:1 анҷом ёфтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Гурҷистон вохӯрии дӯстонаро бидуни сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва якчанд нафар бозингарони дигар гузаронид, зеро ташхиси онҳо барои санҷиши сироятёбӣ ба коронавирус, ки дар Тифлис гузаронида шуд, натиҷаҳои шубҳаовар дод.
Дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи омехтаи марказӣ ва ҷанубӣ баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «В» дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Узбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Вохӯриҳои дӯстона
Гурҷистон — ТОҶИКИСТОН 6:2
Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умед Қузиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расониданд.
Гурҷистон — ТОҶИКИСТОН 10:1
Голро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Идрис Ёров ба нишон зад.
АКС аз ФФТ








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






