ЭҲТИЁТ БОШЕД! Роҳи мошингарди «Рӯшон – Бартанг» муваққатан баста шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бориши барф ва баъдан обшавии он сабаби фаромадани тарма гардида, дар натиҷа шоҳроҳи 92-километраи Рӯшон-Бартанг, ки тавассути деҳаи Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ мегузарад, баста шуд, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, 6 январ борону барфи пуршиддат сабаби фаромадани тарма ва мушкил гардидани ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи «Рӯшон-Бартанг» гардиданд.
Барои рафъи оқибатҳои тармафароӣ дар ин минтақа кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт бо ҷалби техникаи махсус фаъолият бурда истодаанд. Корҳои тозакунии роҳи мошингард идома дошта, роҳ муваққатан баста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки хавфи тармафароӣ ва резиши санг дар мавзеъҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон даъват мекунад, ки боэҳтиёт бошанд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






