Фармондеҳи қӯшунҳои Ҳавзаи марказии низомии Русия фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Январь 14, 2022 11:05

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳайати раҳбарикунандаи Ҳавзаи марказии низомии (ҲМН) Русия фармондеҳи нави пойгоҳи ҳарбии 201 дар Тоҷикистон, полковник Евгений Ковилин муаррифӣ гардид. Дар ин бора дар хабарномае, ки дирӯз, 13 январ дар сомонаи  Вазорати дифои Русия нашр шудааст, гуфта мешавад.

“Фармондеҳи қӯшунҳои Ҳавзаи  марказии низомии Русия генерал-полковник Александр Лапин тавассути видеоконфронс фармондеҳи таъйиншудаи пойгоҳи низомии мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Евгений Ковилинро ба роҳбарияти ҳавзаи ҳарбӣ муаррифӣ намуд”, — омадааст дар хабарнома.

Ковилин Омӯзишгоҳи олии ҳарбии танкии фармондиҳии Қазон, баъдан Академияи умумиҳарбии ба номи М.В.Фрунзеро хатм кардааст. Аз вазифаи командири взвод то сардори ситоди маркази  таълимии ҳавзавӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони хурдро пай дар пай тай намудааст. Дар минтақаҳои Урал, Поволже ва дар Тоҷикистон хизмат кардааст. Бо медали «Барои хизмат дар назди Ватан», дараҷаи II, медали Суворов, инчунин мукофотҳои Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия мукофотонида шудааст.

Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст. Ба ҳайати пойгоҳ қисмҳои ҳарбии мототирандозӣ, танкӣ, тӯпхонаӣ, иктишофӣ, воҳидҳои зиддиҳавоӣ, мудофиавӣ ва воҳидҳои алоқа шомил мешаванд.

ДАР АКС: Евгений КОВЫЛИН. Акс аз Chel.kp.ru
Январь 14, 2022 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд