Федератсияи байналмилалии ҷудо қоидаҳои навро барои даври олимпии Париж-2024 тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) маҷмӯи қоидаҳои навро эълон кард, ки ба ҳифзи варзишгарон ва «модернсозии» ин намуди варзиш дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Пас аз он ки Федератсияи байналмилалии ҷудо аз федератсияҳои миллӣ тавсияҳо гирифт, ба қоидаҳои доварӣ якчанд тағйирот ворид карда шуд. Тағйироти баҳсноктарин ба амали «сеои наге» илова шуд, ки дигар он ҳаракати одӣ набуда, иҷрои он ба ҷазои ҷудочӣ оварда мерасонад.
Дар ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо аз Кореяи Ҷанубӣ, чемпиони олимпӣ маъмул шудааст, дида мешавад, ки ҳариф рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд.
Дигар тағйири қоидаҳо варзишгаронеро дар бар мегирад, ки агар онҳо либос ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегиранд.
Бо сар чун шиновар ҳуҷум кардан ҳамчун амали хатарнок ҳисобида мешавад ва ҷудочӣ барои содир кардани ин амал аз ҳаққи ширкат дар мусобиқа маҳрум мешавад, ҳамчунин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд.
Ба қоидаҳо оид ба доштани ҳариф низ тағйирот ворид карда шуданд.
Сармутахассиси варзиши Федератсияи байналмилалии ҷудо Владимир Барта гуфт, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошад.
«Мо аз федератсияҳои миллӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қоидаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳо гирифтем. Қоидаҳои нав аз аввали соли 2022 эътибор пайдо карда, то соли 2024 амал мекунанд», — гуфт Барта.
Қоидаҳои нав дар Гран Прии Одивелас, ки қарор аст аз 28 то 30 январ дар Португалия баргузор гардад, ҷорӣ карда мешаванд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






