Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзов таҳти унвони «Қатли рӯбоҳ» дар Фестивали байналмилалии Голливуд («Hollywood Gold Awards») сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» коргардони филм Фирдавс Ниёзов.
Ба гуфти коргардон, филми мазкур дар Кинофестивали «8 and HalFilm Awards» дар Италия низ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардида буд.
Филми мазкур бо дастгирии директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид ва коргардон Фирдавс Ниёзов моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 рӯи навор омадааст.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, рӯзҳои наздик филми «Қатли рӯбоҳ» дар кинотеатрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.
АКСҲО аз манобеи боз









Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






