Ифтитоҳи Институти илмию тадқиқотии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва такмил методикаи таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Январь 31, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба фаъолият оғоз бахшидани Институти илмию тадқиқотии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва такмил методикаи таълимии он дар ҳошияи татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (барои солҳои 2020- 2040)  аз дастоварди назарраси  донишгоҳ дар соли сипаришуда маҳсуб меёбад. Дар ин бораи имрӯз, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷамъи намояндагони ВАО изҳор дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки дар заминаи Институти нави  илмию тадқиқотии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва такмил методикаи таълимӣ дар 70 кафедраи донишгоҳ 896 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 380 нафар устодони унвондор: 87 нафар докторони илм ва 293 нфар номзадҳои илм, 209 нафар муаллими калон ва 442 нафар ассисентон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуданд, ки аз ин шумора 996 нафар омӯзгорони штатӣ  ва боқимонда омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тайёр намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ нақши муассир дошта, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду такомули донишгоҳ шароити  мусоид фароҳам овард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид