IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин гардид

Январь 18, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чанок боздошта шуда буд. Дар айни замон тармаҳое, ки дар роҳи мазкур фаромада буданд, аз ҷониби кормандони филиали ширкат бартараф шуда, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёти сабукрав аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар наздиктарин фурсат барои ҳаракат аз Душанбе ба самти  Хуҷанд низ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок иҷозат дода мешавад.

«Ба шаҳрвандон барои дарки моҳияти муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт арзи сипос менамоем»,-иброз доштааст роҳбарияти филиали ширкат.

АКС: IRS

Январь 18, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд