IRS: Ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуда буд. Дар айни замон тармаҳое, ки дар роҳи Душанбе -Чаноқ фаромада буданд, аз ҷониби кормандони филиали ширкат бартараф шуда, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёти сабукрав аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар наздиктарин фурсат барои ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд низ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок иҷозат дода мешавад.
«Ба шаҳрвандон барои дарки моҳияти муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт арзи сипос менамоем»,-иброз доштааст роҳбарияти филиали ширкат.
АКС: IRS








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






