КҲФ ва МГ дар ноҳияи Балҷувон барои пешгирии офатҳои табиӣ корҳои таблиғотӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати Балҷувон, ки нуқтаи осебпазир нисбат ба офатҳои табиии эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад, корҳои таблиғотӣ гузарониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Кормандон миёни сокинон дар мавзӯъҳои эҳтиёт намудан ҳангоми офатҳои табиӣ, пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, сари вақт тоза кардани оброҳаву ҷӯйборҳо ба хотири пешгирӣ аз омадани сел, манъи хонасозӣ дар манотиқи хатарзо ва ғайра корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд.
Ба аҳолии минтақа гуфта шуд, ки онҳо гарави амнияту бехатарии худ буда, аз ин рӯ бояд аз худсарона бунёд кардани хонаҳо дар минтақаҳои хатарзо худдорӣ кунанд.
Ҳадаф аз роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар доираи барномаву нақшаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳонидани мардум аз эҳтимоли рух додани ҳар гуна офатҳои табиӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 8 майи соли 1969 маҳз дар ҳамин минтақа бар асари лағзиши замин як деҳа бо 24 хонавода пурра зери лой монда, ба ҳалокат расида буд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






