КДАМ ҶТ: Тоҷикистон аз Пекин ҷиҳати баргузории бехатар ва муваффақонаи Олимпиада қатъиян пуштибонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов хабар доданд.
Дар Маркази матбуоти КДАМ ҶТ зикр карданд, ки вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст. Аз ҷониби дигар, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо дар Олимпиада ширкат мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад.
КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо, инчунин баргузории муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, то Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин на кам аз як моҳ мондааст ва таваҷҷуҳи варзишгарону дӯстдорони варзиши зимистона ба бозиҳо дар ҷаҳон меафзояд. Аз 4 то 20 феврали соли 2022 беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаи варзиш барои дарёфти 109 медали тиллои олимпӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин дар шаҳри Чжантсзякоу ҷамъ меоянд.
Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 109 мусобиқа дар 15 ришта дар 7 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкиронӣ, лижаронӣ, чанаронӣ ва хоккей ба нақша гирифта шудаанд.
Қарор аст, ки 109 маҷмӯи медалҳо тақдим карда шаванд, ки нисбат ба бозиҳои Пхенян-2018 7 маҷмӯи медалҳо зиёд аст. Мусобиқаҳои нав аз рӯи бобслей, аз ҷумла аввалин бобслейи занона, шорт-трек, фристайл, трамплин ва сноуборд баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо инчунин намудҳои нави лижаронии озод барои мардон ва занон – биг эйр, ҷаҳишҳои омехтаи даставӣ, сноуборд- кросс, варзиши сабуки омехтаи дохил карда шудаанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






