КДАМ ҶТ: Тоҷикистон аз Пекин ҷиҳати баргузории бехатар ва муваффақонаи Олимпиада қатъиян пуштибонӣ мекунад

Январь 12, 2022 18:37

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов хабар доданд.

Дар Маркази матбуоти КДАМ ҶТ зикр карданд, ки вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст. Аз ҷониби дигар, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо дар Олимпиада ширкат мекунанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад.

КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо, инчунин баргузории  муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, то Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин на кам аз як моҳ мондааст ва таваҷҷуҳи варзишгарону дӯстдорони варзиши зимистона ба бозиҳо дар ҷаҳон меафзояд. Аз 4 то 20 феврали соли 2022 беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаи варзиш барои дарёфти 109 медали тиллои олимпӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин дар шаҳри Чжантсзякоу ҷамъ меоянд.

Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 109 мусобиқа дар 15 ришта дар 7 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкиронӣ, лижаронӣ, чанаронӣ ва хоккей ба нақша гирифта шудаанд.

Қарор аст, ки 109 маҷмӯи медалҳо тақдим карда шаванд, ки нисбат ба бозиҳои Пхенян-2018 7 маҷмӯи медалҳо зиёд аст. Мусобиқаҳои нав аз рӯи бобслей, аз ҷумла аввалин бобслейи занона, шорт-трек, фристайл, трамплин ва сноуборд баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо инчунин намудҳои нави лижаронии озод барои мардон ва занон – биг эйр, ҷаҳишҳои омехтаи даставӣ, сноуборд- кросс, варзиши сабуки омехтаи дохил карда шудаанд.

 

АКС: КМО Тоҷикистон

 

Январь 12, 2022 18:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд