Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ҷонибдорӣ намуданд

Январь 26, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар». Тавре қаблан хабар додем, дирӯз, 25 январ ба муносибати 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо дар хотимаи ин нишаст изҳороти муштарак миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Чинро тасдиқ карданд. Дар изҳороти мазкур тарафҳо ҷонибдории худро аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва муайян кардани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

Пешвои миллат ҳамчунин дар ин қарина бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намуданд.

«Итминон дорам, ки иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод. Ҳамчунин ман бар онам, ки ин ташаббусҳо ба таври табиӣ бо тадбирҳое, ки имрӯзҳо дар доираи Созишномаи Париж аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати кам кардани партовҳои газҳои дуоксид ба фазо ва пешгирӣ аз баландшавии ҳарорати глобалӣ ба зиёда аз ду дараҷа бо меъёри Целсий андешида мешаванд, пайванданд», — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақӣ мунтазам доир ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуда, изҳор медоранд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба сифати раисикунанда дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар таъкид менамояд, ки дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳими байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард.

Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» 27 октябри соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва таъйини  санаи мушаххаси Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо бори дигар таъкид намуда, зикр намуданд, ки мояи хушнудист, ки ба наздикӣ Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид – Об» бо дастгирии фаъоли якчанд кишварҳои шарик ташаббуси наверо пешниҳод намуд, ки мавқеъгирии ҳамгироишударо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим, маҳдудшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва бад шудани сифати он пешбинӣ менамояд.

Тоҷикистон ба мақсади пурра гузаштан ба Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об  бо таъкиди хос ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ минбаъд низ саъю талош хоҳад кард.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон