Мавзуна Чориева директори генералии КМО Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба КМО Тоҷикистон хабар медиҳад.
Интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 11 январ сурат гирифт.
Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Абдулло Раҳмонзода доир гашт, зикр гардид, ки интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералии КМО Тоҷикистон пайравӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти Кумита мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин сохтори Кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






