Маъюбон, собиқадорон ва ниёзмандони ноҳияи Фархор бо ангишти ройгон таъмин шуданд

Январь 31, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори ноҳияи Фархор бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кони Зиддӣ ба ноҳия 450 тонна ангишти хушсифат ворид намуд, ки ба даҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия- дар навбати аввал ба 2876 нафар маъюбон, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

Кумаки мазкур барои дар давраи зимистон бо ин намуди маводи сӯхт таъмин намудани аҳолӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд равона гардид.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Хуросон, Дарқад, Гулшан, Хутан, Истиқлол, Ватан ва Зафари ноҳия низ шумораи зиёди сокинон низ аз ин кумак бархӯрдор шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дасттуру супориш ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ бояд ба ноҳияи Фархор 900 тонна ангишт ворид ва ба 5752 оила ба таври ройгон дастраст гардад.

АКС: маркази матбуоти раиси н. Фархор

Январь 31, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд