Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи феврал дар Тоҷикистон боришоти зиёд пешгӯӣ мешавад»
ДУШАНБЕ, 23.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ бориши зиёди борон, боридани барф ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Инчунин давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.
Тибқи иттилои номбурда, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо 3+8 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ зуд-зуд ба амал омадани боришоти борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Дар водиҳои вилояти Суғд дар ин моҳ ҳаво дар 3+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 2+7 дараҷа гарм то 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 0-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 9- 15 дараҷа хунук, рӯзона бошад аз 0-5 дарача хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 7-12 дараҷа хунук, шабона то 22-27 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
АКС аз бойгонӣ АМИТ «Ховар»








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






