Нисбат ба маъмури маркази компютерӣ ҷазо дар намуди ҳабс ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе нисбат ба маъмури маркази компютерӣ Аҳтами Рустам санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ӯ бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Дар натиҷаи баргузории санҷиши навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерӣ мебошанд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар маркази компютерии мазкур шаҳрванд Аҳтами Рустам, санаи таваллудаш 10 январи соли 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ҳамчун маъмур фаъолият намуда, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагии мақомот ҷиҳати иҷозат надодани ноболиғон ба марказ, махсусан дар вақти дарс ба хотири ба даст овардани даромад онҳоро роҳ додааст.
Ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон метавонад ба онҳо таъсири манфӣ расонад, зеро онҳо ҳанӯз ҷисману рӯҳан хуб инкишоф наёфтаанд. Бо мақсади пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои бозиҳои компютерӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба таври ҳамешагӣ санҷишу амалиёти пешгирикунанда доир менамоянд.
Аммо саволе ба миён меояд, ки дар чунин ҳолатҳо масъулияти падару модар куҷо мешавад? Волидон бояд ҳар қадами фарзандашонро назорат намуда, ӯро аз дурӯғ гуфтан, фиреб кардан, машғул шудан ба корҳои зараровар нисбат ба худу ҷомеа ҳимоя карда, танҳо ба роҳи рост ҳидоят кунанд.
Дар робита ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кодексҳову қонунҳо ба тасвиб расидаанд, ки маҳз ба хотири ҳифзи кӯдак ва тарбияи дурусти он аз ҷониби волидайн равона гардидаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34-и Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «падару модар барои тарбияи фарзандон масъул мебошанд».
Ҳамзамон дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд танзим менамояд.
Волидайнро зарур аст, ки нисбат ба тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир накунанд, зеро тарбияи кӯдак аз оила сарчашма мегирад.
АКС: маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






