ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст

Январь 5, 2022 08:07

ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 12-20 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва  барф ба амал омада, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Январь 5, 2022 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад