ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 5-7 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5-7 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд. 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳаво дар вилояти Хатлон қисман абрнок шуда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин 6-8 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши суст борон ва барфи тар ба амал меояд.
9 январ асосан ҳавои бебориш (0,0-0,5мм) дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, танҳо 7 январ дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст борон ва барф ба амал меояд. 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, 6-8 январ дар ноҳияҳои водигӣ баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. 9 январ асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, 6-7 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 3-8 дараҷа хунук то 7-12 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук шуда, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 29-31 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 13-18 дараҷа хунук мешавад.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






