Олмон ба амалигардонии иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер пешниҳод намуд, ки ҷониби Олмон барои амалӣ гардонидани иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мусоидат намояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварро муҳокима карданд.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор намуданд.
АКСҲО аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






